Авиатсияи хусусӣ дар Ҳамбург аз ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) пешниҳод гардида, ба туфайли он, Шумо метавонед ҳамеша ҳавопаймои хусусиро дар Олмон ё дигар кишвар фармоиш диҳед. Фармоиш дар чанд дақиқа омода шуда, шартнома ба тариқи фосилавӣ баста, пардохти хизматрасонӣ ба тариқи ғайринақдӣ анҷом дода мешавад. Ҳамин тавр, Шумо имконият пайдо мекунед, ки дар чанд дақиқа ва дар вақти ба Шумо қулай хатсайри инфиродиро фармоиш дода ба шаҳри дилхоҳ бо эҳсоси озодӣ ва ҳузуру ҳаловат, парвоз намоед.

Беҳуда Ҳамбургро «дарвозаҳои ҷаҳон» наменоманд. Дар ин ҷо қариб ду миллион одамон зиндагӣ мекунанд ва барои баъзе аз онҳо хизматрасониҳои авиатсияи хусусӣ зарурати хоса пайдо кардааст. Шумо метавонед аз фурудгоҳи байналмилалии шаҳр ба ҳама кунҷу канори дунё парвози шахсӣ намоед, агар аз хизматрасониҳои брокери ширкати бонуфузи ҳавоии AVIAV TM (Cofrance SARL) истифода баред.

 

Афзалиятҳои авиатсияи хусусӣ

    • Авиатсияи хусусӣ ба Шумо сайёҳат ба самти дилхоҳ навобаста аз хатсайрҳои ширкатҳои ҳавоии муқаррарӣ имконият медиҳад.

Бизнес авиация в Гамбурге Германия

  • Шумо бо хатсайри мустақим ба ҳар шаҳри дилхоҳи дунё парвоз мекунед.
  • Шумо дар фурудгоҳ барои ба расмиятоварии хастакунанда вақт сарф намекунед.
  • Шумо яқин бошед, ки дар канори ҳавопаймо аз ҳамсафарони шилқин халосӣ меёбед, чунки Шумо дар иҳотаи шахсоне қарор мегиред, ки худатон интихоб менамоед: ҳамкасбон, дӯстон ё оила.
  • Шумо дар парвоз аз сатҳи баланди ҳузуру ҳаловат баҳраманд шуда, вақтро судманд бо анҷом додани корҳои хеш мегузаронед.
  • Шумо метавонед ҳама намуди хизматрасониҳои иловагиро ба ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) фармоиш диҳед, ки барои ба зудӣ ва самарнок расидан ба ҳадафҳои гузошта шуда, кӯмак медиҳад.

 

Чӣ тавр ҳавопаймои хусусиро фармоиш медиҳанд

Авиатсияи хусусӣ дар Олмон дар байни соҳибкорони бонуфуз, ташкилотҳои бузург, шахсони воқеии давлатманд, сиёсатмадорон, ситораҳои шоу-бизнес, арбобони илмӣ ва ҷамъиятӣ бисёр мубрам аст. Барои фармоиши ҷет дар Ҳамбург, Шумо метавонед дархости худро дар сайти мо ҷойгир намоед. Маълумоти зеринро дар сатрҳои сайт сабт намоед:

– нуқтаҳои оғоз ва интиҳоои парвоз,Бизнес авиация в Гамбурге Германия

– теъдоди мусофирон,

– санаҳои қулайи парвоз

ва ҷавоби менеҷерро интизор шавед. Мутахассиси мо ба зудӣ ба Шумо пешниҳоди инфиродиро бо рӯйхати ҳавопаймоҳое, ки барои бо хатсайри Шумо дархосткарда парвоз мекунанд, пешкаш мекунад.

Ба Шумо фақат интихоби муфид, ирсоли маълумотҳои шиносномаи мусофирон, бастани шартнома ва пардохти парвоз мемонаду халос. Пас аз он метавонед оромона барои сафар омодагӣ бинед: дар соати таъиншуда ҳавопаймои хусусии барф барин сафед Шуморо дар фурудгоҳ интизор мешавад.

 

Афзалиятҳои AVIAV TM (Cofrance SARL)

  • AVIAV TM (Cofrance SARL) дар бозори авиатсияи хусусӣ қариб даҳ сол фаъолият дорад. Дар тӯли ин вақт ширкати мо ба эътимоди комил ва миннатдории мизоҷон аз тамоми дунёро соҳиб гаштааст.
  • Мо ҳамкорӣ бо шарикони боэътимод аз ҳама гӯшаю канори дунё дошта, дар ихтиёри мо ҳама пойгоҳҳои ҷаҳонии ҳавопаймоҳои хусусӣ қарор доранд, ки ба иҷора дода мешаванд.
  • Мо бо ҳама забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, бо забони русӣ, муошират мекунем, бино ба ин байни мо ва мизоҷон аз дигар кишварҳо нофаҳмиҳо рух намедиҳад.
  • Дафтари кории асосӣ дар Нисса қарор дорад, дар баробари он, мо соҳиби намояндагиҳо дар бисёр кишварҳо ва шаҳрҳо ҳастем.
  • AVIAV TM (Cofrance SARL) аъзои ассотсиатсияҳои бонуфузи ҳавоӣ-касбӣ: EBAA (European Business Aviation Association),NBAA (National Business Aviation Association)  ва иштирокчии шабакаи пешсафи чартерии Avinode мебошад.
  • Мо ба мизоҷон хизматрасониҳои аълосифат расонида, шарту шароити судманди ҳамкориро пешкаш менамоем.

Ҳама ҳавопаймои маъмурӣ, нисбат ба канораҳои муқаррарии бизнес-класс бароҳат аст. Хизматрасониҳои иловагӣ дар ҷараёни парвоз онро бо лаҳзаҳои хуш хотирмон мекунад. Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) шарики боэътимоди Шумо гашта, бароятон аз нигоҳи нав олами аълои авиатсияи хусусиро боз мекунад.