Ҳавопаймои боркаш дар Ҳамбург ҷустуҷӯ доред? Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) аз пешкаши хизматрасониҳо ба Шумо хушҳол аст. Мо тамсилаҳои ҳавопаймоҳои беҳтарин бо ғунҷоиши мухталифи истеҳсолкунандагони маъруфи ҷаҳониро дар ихтиёр дорем. Мо омода ҳастем интиқоли ҳавоии молу лавозимотро аз оғоз то интиҳо ба ӯҳдаи хеш гирем.
Албатта, авиатсияи боркаш дар Ҳамбург аввал барои онҳо зарур аст, ки иҷрои фавриро қадр мекунанд. Ба шаҳр ё кишвари дигар интиқоли маводи хӯрока, доруворӣ, кӯмаки башардӯстона, гулҳо, ҳайвонот танҳо васоити ҳавопаймо имконпазир аст. Мо ба дӯши худ таҳвили ҳама гуна борҳоро мегирем, ба истиснои оне, ки қонун манъ кардааст.
Намудҳои интиқолҳои қабулшаванда
Таҳвили фаврӣ дар ҳолатҳои гуногун муҳим буда, номбар намудани онҳо ғайриимкон аст. Барои интиқол қабул мешаванд:
– ҳайвонот ва наботот,
– компютерҳо ва оргтехника,
– ҷузъу қисмҳои алоҳидаи асбобу бисоти хона ва лавозимоти интерер,
– моли мухталиф,
– масолеҳи сохтмонӣ ва коркард,,
– таҷҳизоти техникӣ,
– асбобҳои таъиноти мухталиф,
– агрегатҳо, яъне маҷмӯи механизмҳо,
– қисмҳои эҳтиётӣ барои автомобилҳо, яхтаҳо ва дигар нақлиёт,
– стендҳои намоишӣ ва дигар реквизитҳо,
– асбобҳои мусиқӣ ва лавозимоти варзишӣ,
– чизҳои арзишманд, ҳуҷҷатҳо, атиқафурушӣ, чизҳои нафис ва ғайра.
Ҳуҷҷатҳои замимашаванда
Барои интиқоли ҳавоии борҳо бисёр ҳуҷҷатҳои махсуси замимашаванда зарур аст. Ҳуқуқшиноси ботаҷрибаи AVIAV TM (Cofrance SARL) барои барасмият даровардани ҳамаи маълумотномаҳои зарурӣ, борхатҳо ва иҷозатномаҳо кӯмак мерасонад, инчунин, дар ҳолатҳои баҳсталаб (чунончи, интиқоли асарҳои санъат) барои ҳалли кор кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Ба ғайр аз он, агар Шумо оиди таъмини амнияти бор мутассир бошед, мутахассисони мо барои бастани шартномаи суғуртавӣ кӯмак мерасонанд. Анҷоми чунин амал ҳатмӣ нест, ба ҳар ҳол ҳавопаймо – ин воситаи боэътимоди интиқол аст, аммо барои пешгирии ҳама гуна хавфҳо – суғуртаи бори Шумо кори муфид аст.
Ташкили парвоз
Бо хоҳиши мизоҷон мо на танҳо ҳавопайморо ба иҷора мегирем, балки аз оғоз то интиҳои хизмат мекунем:
-
- борҳоро гирифта банду баст менамоем,
- то фурудгоҳ интиқол медиҳем,
- барои гузаштани назорати гумрукӣ кӯмак мерасонем,
- ба ҳавопаймо боркунии амволро назорат мекунем,
- пешакӣ тараддуди он мешавем, ки барои намуди бори мазкур дар канори ҳавопаймо шароити олӣ фароҳам бошад,
- бо зарурат дар парвоз мушоиаткунанда пешниҳод мегардад (чунончи, барои ҳайвонот),
- дар фурудгоҳи таъинот борро пешвоз мегирем,
- то макони мизоҷон таҳвил мекунем,
- аз банду баст мекушоем ва қисмҳои ҷудошударо ба ҳам пайваст менамоем.
Дархостро барои хатсайри ҳавоии боркаш гузоред
Шумо метавонед ҳамеша, аз ҷой нахеста, ҳавопайморо барои интиқоли борҳо дархост кунед. Агар ҳозир Шумо дархостро дар сайт сабт намоед, менеҷери AVIAV TM (Cofrance SARL) таъҷилан фармоиши Шуморо коркард карда барои мувофиқаоварии муфассал бо Шумо дар тамос мешавад. Бо нархи тахминии парвоз Шумо аз сӯҳбати аввал бархурдор мешавед, ки он аз намуд, вазн ва ҳаҷми бор, дурӣ ва мураккабии хатсайр вобастагӣ дорад, – дарҳол хабар додани ҳамаи ин маълумотҳо зарур аст.
Авиатсияи боркаш дар Ҳамбург барои ҳалли ҳама гуна ҳадафҳои вобаста бо соҳибкорӣ ё ҳаёти шахсӣ кӯмак мерасонад. Мо ҳам бо шахсони ҳуқуқӣ, ҳам бо шахсони воқеӣ ҳамкорӣ намуда, фармоишҳои якмаротибагӣ ва шартнома барои хизматрасонӣ дарозмӯхлат қабул менамоем. Ҳавопаймоҳои боркаш дар ҳолати таҳвили таъҷилии молу маҳсулот ба масофаҳои тӯлонӣ ивазнопазир ҳастанд. Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) парвозҳое, ки гарчанд ҳам мушкил бошад, таъҷилан ташкил мекунад.