Агар Шумо ё пайвандони Шумо хоҳиши табобат дар Ҳамбург дошта бошед, ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) аз ҳамаи нуқтаҳои ҷахон ҳавопаймои тиббиро бо мамнуният пешниҳод менамояд. Дар шаҳр бисёр беморхонаҳо бо хизматрасониҳои сатҳи байналмилалӣ ҷойгир шудаанд, ки нархҳо нисбат ба дигар кишварҳо дастрас мебошанд.
Дар баъзе маврид акси ҳол мешавад. Агар бемор дар Ҳамбург иқомат дошта, табобатро дар дигар шаҳр гузаштани бошад, ӯро ба онҷо интиқол додан зарур аст. AVIAV TM (Cofrance SARL) бо шарту шароити муфид парвозро ба кишвари дилхоҳ ташкил мекунад.
Ҳавопаймоҳои тиббии муосир
Сол аз сол авиатсияи тиббӣ дар Ҳамбург эътирофи бештар пайдо карда истодааст. Ҳавопаймо махсус барои интиқоли шахсони бемориашон вазнин пешбинӣ шуда, истифодаи он рӯз аз рӯз афзуда истодааст, муҳимаш он, ки – самаранок аст. Баъзан, барои бемор ҳар як дақиқа қимат аст. Таҳвили таъҷилӣ ба дигар шаҳр, ки беморхонаи зарурӣ мавҷуд аст, метавонад умри беморро дароз кунад ё ки ҳаёташро наҷот диҳад!
Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) ба Шумо ҳавопаймоҳои санитарии аз ҳама ҷиҳат бо ҳузуру ҳаловатро, ки дар канори он таҷҳизотҳои пешкадами тиббӣ васл шуда, дар асл «реаниматсияи ҳавоӣ» мебошанд, бо мамнуният пешкаш менамоянд. Дар ин ҷо ҳама таҷҳизот барои таъмини фаъолият ва ҳаёти бемор, расонидани ёрии зарурии тиббӣ, ҳатто гузаронидани ҷарроҳӣ мавҷуд аст. Дар ҳолати зарурӣ хатсайрро ҳатман духтури соҳавӣ, ҳамшираи шафқат ва дигар мутахассисон ҳамроҳӣ менамоянд.
Ҳавопаймои санитариро ба мо фармоиш диҳед!
Барои фармоиши ҳавопаймои тиббӣ ба ҳама гуна хатсайр, Шумо метавонед дархости худро дар сайти мо ҷойгир намоед ё бо менеҷер мустақиман дар тамос шавед. Зарур аст, ки Шумо маҳз зарурияти киштии ҳавоии санитариро хабар диҳед, маълумот дар бораи синну сол ва ташхиси беморӣ, ҳолати мариз ва матлаби интиқоли ӯро, агар, албатта, онҳо ба Шумо маълум бошанд, пешкаш кунед. Дар ҳолати зарурӣ, мо барои гузаронидани машварати тиббӣ, ки тавсияҳои муфидро пешниҳод менамояд, духтури соҳибтаҷрибаро пешкаш мекунем.
Авиатсияи санитарӣ дар Ҳамбург на танҳо ба беморони вазнин пешкаш карда мешавад. Ҳавопаймои тиббӣ дар дигар ҳолатҳо ҳам зарурият пайдо мекунад. Интиқоли ҳомиладор дар ҳолати зоиш, пешниҳоди киштии ҳавоӣ барои эвакуатсияи осеббардоштагон аз мавзеи офатзада, интиқоли маъюб ба осоишгоҳи эҳъё, хизматрасонӣ ба гурӯҳи калонсолон, – дар ҳар ҳолати зикршуда хатсайри муқаррарӣ мувофиқ нест ва ҳавопаймо ё чархболи хусусӣ зарур аст.
Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) дар ҳама ҳолат ба Шумо кӯмак мерасонад. Мо ҳам хизматрасониҳои зарурӣ, ҳам иловагиро мерасонем ва омода ҳастем сафари Шуморо аз оғоз то интиҳо ташкил кунем:
-
- барои дарёфти беморхонаи дилхоҳ дар Ҳамбург ё дар ҳама гуна шаҳри Аврупо кӯмак расонем:
- шартнома барои хизматрасонии тиббиро мебандем,
- барои ҳамроҳии бемор духтур, ҳамшираи шафқат ва гурӯҳи санитарӣ кироя намоем,
- интиқол дар автомобили муҷаҳазшудаи махсуси тиббӣ дар нуқтаҳои оғоз ва интиҳои парвоз,
- дар ҳолати зарурӣ барои сафар ба мавзеҳои дастнорас чархболро ҷалб мекунем,
- раводид ва суғуртаи ҳамаи мусофиронро таъмин мекунем,
- сафари пурҳаловати хешовандонро таъмин мекунем,
- ҳамаи масъалаҳои ба миён омадаро ҳаллу фасл менамоем.
Ҳамкорӣ бо AVIAV TM (Cofrance SARL) бисёр қулай аст. Бастани шартнома ва пардохти хатсайрро метавонед фосилавӣ анҷом диҳед. Баъди гирифтани дархост менеҷери мо таъҷилан фармоишро коркард намуда, барои аниқ кардани хусусиятҳо бо Шумо дар тамос мешавад. Дар ҳолатҳои фавқулодда, баъди се соат пас аз фармоиши хатсайр парвозро таъмин менамоем. Барои гирифтани машварати ройгон оид ба масъалаҳои интиқоли ҳавоии тиббӣ бо мутахассиси мо бо васоити ба Шумо қулай, дар тамос шавед.